Биёед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем.
   Ба олам ҳар кассе бекор гардад,
    Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Чорабинии муассиса дар байни хонандагон  бахшида ба  «30-солагии Истиқлолияти Чумҳурии Точикистон» гузаронида шуд.

       Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он санаи  07. 09.2020 дар толори муассиса миёни  хонандагони синфҳои 1 то 11 чорабинии  мактабии «Истиқлолият ба мо чи дод»  бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти Чумҳурии Точикистон гузаронида шуд.

        Мақсад аз гузаронидани ин озмун  дар он буд, ки ҳар як чавон қадри истиқлолиятро будонанд ва  истиқлолиятро азиз дониста ватани азизамон Точикистонро ҳамчун  говараки чашм нигоҳ дорад. Дар чорабинии мазкур тамоми хонандагон, коллективи омўзгории муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи  директори муассиса кушода ҳамагонро бо ин санаи таърихи табрик намуд. Сипас хонандагони муассиса  бахшида ба Истиқлолият, Точикистон, Ватан  аз эчодиёти шоирон як парча шеър, суруд, газетаи девори ва мушоираҳои омода намудаи худро қироат намуданд. 

         

Бахшида ба  «30-солагии Истиқлолияти Чумҳурии Точикистон»   мусобиқа аз намуди футбол дар байни хонандагони синфҳои 5-7, 9-11 гузаронида шуда чойҳои ғолибият муаян карда шуд.
 
Чорабини бахшида ба зодрузи Абўабдуллохи  Рўдаки гузаронида шуд.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 нақша чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он санаи  20. 09.2020 дар саҳни муассиса миёни  хонандагони синфњои 7 то 11 озмуни  мактабии «Рўдакихони»  бахшида ба рўзи зодрўзи асосгузори адабиёти классикии точику форс Абўабдуллоҳи  Рўдаки гузаронида шуд.
Мақсад аз гузаронидани ин озмун тачлил намудани рўзи зодрўзи  асосгузори адабиёти классикии точику форс Абуабдуллоҳи  Рўдаки ва саҳми гаронбаҳои ў дар рушду нумуи адабиёти классикии чаҳон мебошад,  инчунин дар рўҳияи дўстию рафоқат, иттиҳоду ягонаги, эҳтиром ба урфу одати ниёгони хеш тарбия намудани насли наврас ин озмун гузаронида шуд.
 Дар чорабинии мазкур тамоми хонандагон, коллективи омўзгории муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи  директори муассиса  Ҳалимова Н кушода ҳамагонро бо ин санаи таърихи табрик намуд. Сипас хонандагони муассиса аз эчодиёти Абўабдуллоҳи  Рўдаки  шеър, суруд ва мушоираҳои омода намудаи худро қироат намуданд. Ҳамзамон аз тарафи хонандагон саҳначаҳои театркунонидашуда оид аз  ҳаёт ва фаъолияти Абўабдуллоҳи  Рўдаки ба  ҳозирин пешниҳод карда шуд.
ТАРБИЯИ ҲАРБИ ВАТАНДУСТИИ ЧАВОНОН ВА ЧАЛБИ ОНҲО БА ХИЗМАТИ ҲАРБИ
Дар таърихи рўзи 12-октябр хонанагони муассиса бо коргарони ҲХДТ дар ноҳияи Абураҳмони Чоми ҳамсуҳат гузаронида шуд.
«Хизби мо ба чавонон ҳамчун ворисони созандаи имрузу фардо ҳамеша эътибори чидди дода, икдомҳои шоиста ва ташаббусхои созандаи онҳоро барои ободиву пешрафти кишвар дастгири менамояд. Ҳамин аст, ки яке аз самтҳои асосии Барномаи ҳизб масъалаи кор бо чавонон мебошад». Аз суханронихои Раиси муаззами ХХДТ муҳтарам Эмомали Раҳмон, дар Мачлиси КИМ ҲХДТ. (16.02.2018)
Бо ибтикори ТЧЧ ноҳиявии «Созандагони Ватан» ва дастгирии ҳамачонибаи Кумитаи Ичроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Чомии вилояти Хатлон, Аксияи ҲХДТ тахти унвони «Тарбияи ҳарби ватандустии чавонон ва чалби онҳо ба хизмати ҳарби» дар муассисаи таълими №11 махаллаи «Бустон Сулаймон»-и чамоати деҳоти Иттифоки ноҳияи Абдураҳмони Чоми амали гардонида шуд.
 
Бахшида ба  «24-ноябр, Рўзи парчами Чумҳурии Точикистон»   чорабинии мактаби дар байни хонандагон гузаронида шуд.

       Тибқи нақшаи чорабиниҳои мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 чорабиниҳо тартиб дода шуда, дар асоси он санаи  22. 11.2020 дар саҳни муассиса, байни  хонандагони синфҳои 7 то 11 чорабинии  мактабии «3-ранги парчам 3-роҳи тақдири мо  »  бахшида ба Рўзи парчами Чумҳурии Точикистон гузаронида шуд.

        Мақсад аз гузаронидани ин озмун  дар он буд, ки ҳар як чавон қадри муқаддасоти миллиро донистан ва эҳтиром ба парчами милли доштан, Муқадассоти миллиро  азиз дониста, ватани азизамон Точикистонро ҳамчун  говҳараки чашм нигоҳ дорад.

       Дар чорабинии мазкур тамоми хонандагон, коллективи омўзгорони муассиса иштирок намуданд. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳи  директори муассиса Ҳалимова Н кушода шуда ҳамагонро бо ин санаи таърихи табрик намуд.  Сипас  омўзгори фанни тарих ва ҳуқуқ  Саъдиев А  дар бораи  парчами Чумҳурии Точикистон   маълумот дода гузашт.

    Баъдан  муовини  директор оид ба қисми тарбия  Махсимова  З   як бори дигар хонандагон ва омўзгоронро  бо ин санаи таърихи табрик намуд, навбатро ба хонандагони муассиса дод.  Хонандагони муассиса  дар бораи  парчами Чумҳурии Точикистон  шеърҳо аз эчодиёти шоирон омода намудаи худро қироат намуданд ва  дастони моҳири худашоне, ки  шаклҳои парчамро рост намудааст,  саҳначаои театркунонидашуда  бахшида ба рўзи парчам тайёр намудаанд,  газетаҳои девори бахшида ба  рўзи  парчами Чумҳурии Точикистон кашидаанд   намоиш додан.

    Ҳамзамон аз тарафи хонандагони синфи -11  бо шиори «Парчами Точикистон оинамои мо» ба  ҳозирин пешниҳод карда шуд.

Дар саҳни муассиса бахшида ба «24-ноябр, Рўзи парчами Чумҳурии Точикистон»  парчами Точикистон  баландиаш 10-метра  рост карда  шуд.

Дар муассиса шанбегии умумимактаби  дар таърихи рўзи 19-январи соли 2021 гузаронида шуд.

         Дар санаи 19-январи соли 2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 бо иштироки маъмурияти  муассиса, коркунони техники, хонандагони синфҳои аз  5- то 11 шанбегии умумимактаби  гузаронида   шуд.

         Дар шанбеги  ҳар як синф бо роҳбари синфаш  дар ин шанбеги иштирок намуданд. Дар шанбеги хонандагон  тамоми гирду атрофи муассисаро тоза намуд ва дар чойҳои худашон ниҳолҳо оварда шунониданд аз он чумла:

  1. Синфи 5а :  3-дарахти меваг,1-гули садбарг
  2. Синфи 5б :  11-дарахти меваги    
  3. Синфи 6а :  10 -дарахти меваги    
  4. Синфи 6б :  7-дарахти меваги   
  5. Синфи 7а :  22-дарахти меваги, 3-гули садбарг,   1-дона арча  
  6. Синфи 7б :  11-дарахти меваги, 5-гули садбарг       
  7. Синфи 8в :  8-дарахти меваги, 2-гули садбарг            
  8. Синфи 9а :  19-дарахти меваги
  9. Синфи 9б :  10-дарахти меваги 
  10. Синфи 9в :  10-дарахти меваги, 2-гули садбарг                              
  11. Синфи 10а :   19-дарахти меваги
  12. Синфи 10б :   7-дарахти меваги, 2-гули садбарг           
  13. Синфи 10в :   15-дарахти меваги, 1-гули садбарг           
  14. Синфи 11а :    7-дарахти меваги
  15. Синфи 11б :    9-дарахти меваги, 5-гули садбарг, 1-лигустр

Ҳамаги =  168 дона дарахти меваги, 1-дона арча, 21-дона гули садбарг ва 1-дона гули  лигустр, Чамъ: 191 ниҳол шунонида шуд.

 

Дар таърихи рўзи 2-феврали соли 2021 дар ноҳия дар байни духтарон мусобиқаи варзиши оид ба "Шохмот" гузарни шуд.

Дар таърихи рўзи 2-феврали соли 2021 дар ноҳия дар байни духтарон мусобиқаи варзиши оид ба "Шохмот" бахшида ба "Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардуми" гузаронида шуд. Дар ин мусобиқа хонандагони зерин ба чойҳои 2-юм ва сеюм сазовор гардид.

  1. Хонадаи синфи 11а : Шамсиева Гулнисо -сазовори чойи 2-юм.
  2. Хонандаи синфи 8а :  Абдураҳмонова Шаҳло-сазовори чойи 3-юм.

            

1-уми  сентябр дар саросари кишварамон рўзи дониш – дарси сулҳ гузаронида мешавад.

Сулҳу ваҳдат човидон ояд ҳаме,

Бар диёри точикон ояд ҳаме.

Вориси Исмоили Сомониям

Ин ҳақиқат бар забон ояд ҳаме.

    Танҳо сулҳ асоси пешрафти чомеа буда метавонад. Мардуми мо сулҳхоҳу сулҳдўст мебошанд. Мо барои чи тарафдори сулҳем ва онро парастиш мекунем?

    Сулҳ ба мардум хушнуди, хурсанди ва ободию озодиро таманно мекунад. Маҳз арзиши баланди сулҳ аст, ки мо ва Шумо бачаҳои азиз хушу хурсанд ва орому осуда дар замони осоишта умр ба сар мебарем. Анна аз ҳамин сабаб мо сулҳро эътироф мекунем. 

 

Новости

Ба мо нома фиристонед

Марҳамат, маълумоти худро дохил намоед:

Омўзгорон

Омўзгорон

Дар муассиса дар соли таҳсили 2020-2021 ҳамаги 41-нафар омўзгорони соҳибтачриба  дорои  тахасусҳои оли, як, ду ва маълумотҳои олию миёнаи махсус таълим медиҳад.
Читать дальше