Хабарҳои охирин
1-сентябр дар саросари кишварамон рўзи дониш – дарси сулҳ гузаронида мешавад.
Сулҳу ваҳдат човидон ояд ҳаме,
Бар диёри точикон ояд ҳаме.
Вориси Исмоили Сомониям
Ин ҳақиқат бар забон ояд ҳаме.
Танҳо сулҳ асоси пешрафти чомеа буда метавонад. Мардуми мо сулҳхоҳу сулҳдўст мебошанд. Мо барои чи тарафдори сулҳем ва онро парастиш мекунем?
Сулҳ ба мардум хушнуди, хурсанди ва ободию озодиро таманно мекунад. Маҳз арзиши баланди сулҳ аст, ки мо ва Шумо бачаҳои азиз хушу хурсанд ва орому осуда дар замони осоишта умр ба сар мебарем. Анна аз ҳамин сабаб мо сулҳро эътироф мекунем. Хуб фармудааст, шоири маҳбуб Боқи Раҳимзода:
Сулҳ баҳорест баҳор оварад,
Равнақу шодию барор оварад.
Месароям сулҳро дар сози сулҳ,
То шавад дунё пур аз овози сулҳ.
Мактаб макони илму маърифат. Мактаб асоси пешрафти маданияти чомеа ва баланд гаштани сатҳи дониши аҳли чамъият мебошад. Аз ин миқдор ҳар як шахс бояд баҳри омўзиши илм чидду чаҳд намояд. Бахусус чавонон, ки ояндасози миллатанд, мебояд хубу аъло хонанд:
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳам бад бар тани ту чавшан аст.
Шахсе, ки соҳиби дониши коми ласт ба мартабаҳои баланд мерасад. Асосгузори адабиёти советии точик Садриддин Айни ҳамагонро ба омўхтани илму дониш даъват менамояд:
Биёед, эй рафиқон дарс хонем,
Ба бекорию нодони намонем.
Ба олам ҳар кассе бекор гардад,
Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Маҳз тавассути илму донишандўзи, шахс соҳиби маърифати баланди инсони мегардад. Оянда шахсони барўманди чамъият шуда, дар соҳаҳои гуногуни кишварамон кору фаъолият менамоянд. Ватани азизи худро аз дилу чон дўст доранд ва ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз намоянд.
Президенти кишварамон мўҳтарам Эмомали Раҳмон, ки шахси маърифатпарвар мебошанд, ба соҳаи маориф таваччўҳи хоса дода, баҳри нумўи ин соҳачидду чаҳди беандоза менамяонд. Ки ин албатта бесабаб нест. Албатта сутуни маънавии чомеа савод аст.